Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Мавлавӣ Ҷомӣ
То чашми гуҳарборам бар чеҳраи хубон шуд,
Ҳар қатра зи ашки ман сад лаҷҷаи Уммон шуд,
Чун рӯи туро дидам, аз ман сару сомон шуд,
То дидаи хунборам бар орази ҷонон шуд,
Ақлу дилу дин бурданд, сад рахна дар имон шуд!
Ҳар нақш, ки мебинам аз сархати пешонист,
Ҳар захм, ки маҷрӯ ҳам, аз ханҷари мижгонест,
Эй шӯхи камонабрӯ, ҳиҷрони ту пайконест,
Кори мани бечора минбаъд прешонист,
Бар орази гулрангаш, то зулф парешон шуд.
