Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад
Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,
Табъи салим фарз аст, ирс аз падар набошад.
Аз саъй худ надорем чашми умед ҳаргиз,
Як зарра лутфи Эзид, гар коргар набошад!
Аз банда саъй кардан, аз дӯстон дуое,
Кори писар чӣ бошад, фазли падар набошад?
Бар қадри бандагиҳо хоҳем саъй кардан,
Лекин насибаи мо ғайр аз қадар набошад.
Ҳам бо тағоии худ дорем арзи дигар,
Ғайр аз дуои холис чашм аз падар набошад!
Дур аз шумост дида, ҳар лаҳза з-ашк пурхун,
Афсонаҳои дигар пеши назар набошад.
Бошем зинда чандон, бинем якдигарро,
Мақсудҳои дигар ғайр аз қадар набошад.
