Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Ҳар кас, ки масти бодаи ҷоми аласт шуд

Дил дӯш бо хаёли лабаш майпараст шуд, Соқӣ шикаст ҷому суроҳӣ зи даст шуд. Ҳар кас ба кӯи дӯст зи роҳи талаб расид, Дар ҷазбаи муҳаббати ӯ пойбаст шуд, Имшаб ба кӯи майкада рафтам зи бехудӣ, Зоҳид ба наърае, ки задам дил зи даст шуд. Андӯҳи дил ба ҳеҷ тараб кам намешавад, Натвон гирифт роҳи сипаҳ, чун шикаст шуд. Баҳри ибодате, ки бувад дур аз риё, Моро кунун ба дурдии май обдаст шуд. Аз санги муҳтасиб хуми май дӯш мешикаст, Бо хуни бастаи дили мо ҳулябаст шуд. Дар рӯзи ҳашр ҳам наравад нашъа аз сараш, Ҳар кас, ки масти бодаи ҷоми аласт шуд! Шӯхиву вазъи ҳоли ҷавонӣ зи сар нарафт, Ҳарчанд умр беш зи ҳафтоду шаст шуд. Бо нони хушк шайх чӣ сон иктифо кунад, Ин нафси бадсиришт, ки фолудамаст шуд. Бунёди дил, ки сели ғам аз ҷо рабуда буд, Аз як нигоҳи гарми ту девонабаст шуд. Гул дар чаман ба тахти зумуррад қарор ёфт, Булбул ба нола омаду вақти нишаст шуд. Дар саҳни бӯстон чу хиромид сарви ту, Аз қомати ту қомати шамшод паст шуд! Ин Золи бевафо, ки арӯси ҷаҳон бувад, Рӯзи нахуст бо ману ту каллабаст шуд.

Китобҳои муаллиф