Дӯш аз насими субҳ ба гулшан хабар расид
Дӯш аз насими субҳ ба гулшан хабар расид,
Бар дил зи оҳу нолаи мурғон асар расид.
Кам буд лутфи соқии мо пеш аз ин, кунун Ҷоме нагашта холиву ҷоми дигар расид!
Тӯтӣ биё, ки роҳи найистон кушода шуд,
Баҳри вазифа тунги шакар бар шакар расид!
Хун дар канори дидаи мо сахт баста шуд,
Раҳме намо, ки офати ҷони дигар расид.
Зулфаш ба ораз омаду зад ҳалқа ҳамчу мор,
Ғофил машав, ки офати ҷон бештар расид.
Май дар канору мутриби мо масти хоб буд,
Чашме кушод, баски насими саҳар расид.
Чашмаш ҳанӯз то шуда маст аз шароби ноз,
Абрӯзи пай чу шуъбадабози дигар расид.
Аз хони ишқҳар чи расад Донишо, хамӯш!
Хотиргарон машав, ки каму бештар расид.
