Чӣ шавад аз он гули наврасам зи чаман ба ман хабаре расад
Чӣ шавад аз он гули наврасам зи чаман
ба ман хабаре расад,
Зи насими субҳи инояташ
ба дили ҳазин асаре расад!
Рақами ҷафо ба дилам задӣ, накунам
ба ҷуз вафои туро,
Агар ин ҷафо зи ҷо равад,
ба мақоми ӯ дигаре расад.
Лаби лаъли нӯши дилрабо
зи дилам қарору сабр бурд,
Чӣ шавад, ки зуду зудтар бари ман
аз ӯ шакаре расад.
Лаби лаъли ҷонфизои ӯ ба дилам чиҳо,
ки намекунад,
Зи камоли лутфу инояташ самаре равад,
самаре расад.
Ғаму дарди дӯст чи хуш бувад
ба дили шикастаи ошиқон,
Чу ниҳоли навбаре равад,
ба ниҳоли навбаре расад.
Ману кӯ ҳи Бесутун куҷо?
Туву ёри нозанин куҷо?
Магар аз карам Худойро ғами ман
ба лабшакаре расад...
Ба хаёли зулфи дутои ӯ зи замона
як тараф шудаам,
Ки зи банд-банди ӯ магар
ба камар маро камаре расад.
Лаби лаъли нӯши он парӣ
ба мани сухансаро расад,
Чӣ шавад ба гӯши ҷону дил,
ки аз он гуле гузаре расад.
Ба ҳимояти дили бенаво ғами ту
агарчи намерасад,
Чӣ шавад зи ҷаъди муанбарат
ба дилу ҷигар сипаре расад.
Дили ман зи гарму сарди ҷаҳон чӣ кунам,
