Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Рӯй аз дараш натобам то кори ман барояд,
Ё ҷони тоза ёбам, ё ин куҳан барояд,
То сарв аз гулистон, гул аз чаман барояд,
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Дур аз ҷамоли рӯят моро на сар на сомон,
Аз ханҷари фироқат дил чоку ҳам гиребон,
Аҳволи мо шаби тор, рӯи ту моҳи тобон,
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Чун булҳавас ба ҳар сӯнатвон давид боре,
Натвон гирифт ҳар дам домони гулъузоре,
Дар ишқҳам бибояд бо ошиқон қароре,
Ҳар дам чу бевафоён натвон гирифт ёре,
Моему хоки кӯ яш, то ҷон зи тан барояд.
Резад шакар зи лабҳо, қанд аз сари забонаш,
Одам куҷо тавонад тақрир аз баёнаш,
Бошад магар фаришта, ё ҳур тарҷ умонаш,
Ҷон бар лаб асту дар дил ҳасрат, ки аз лабонаш,
Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд.
Дар ҳайрати ҷамолаш ҷон бе сабаб барояд,
Дил аз равон равонтар бо сад талаб барояд,
Рӯ ҳ аз ҳарорати дил бо тобу таб барояд,
Аз ҳасрати даҳонаш ҷонам зи лаб барояд,
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд?.
Булбул ба саҳни гулшан дар ҷустуҷӯи бӯят,
Чашми хумори наргис масти майи сабӯят,
Ҷаъди бунафшаву гул ҷӯёи бӯйю хӯят,
Бар бӯйи он ки дар боғёбад гуле чу рӯят,
Ояд насим ҳар дам гирди чаман барояд.
Эй дил агар ту бошӣ, дар зайли ишқбозон,
Килки талаб нависад дар хайли ишқбозон,
