Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дилдор дӯш пурсиши моро баҳона кард

Дилдор дӯш пурсиши моро баҳона кард, Сӯйи рақиб рафту куҷоро баҳона кард. Аз зулфи худ димоғи ҷаҳон атрбор кард, Гуфтам: Чӣ буд?. Мушки Хиторо баҳона кард. Пинҳон бигашт даст ба хунам нигор кард, Гуфтам: Чӣ буд? Ранги ҳиноро баҳона кард. Аз оҳи сина дар дили мо худ ба мо расонд, Гуфтам: Чӣ буд? Боди саборо баҳона кард. Ханҷар кашиду дар гулӯи ошиқон ниҳод, Пеши рақиб куштани моро баҳона кард. Руммонатайнро ба ман аз дур во намуд, Дасте ба сина банди қаборо баҳона кард. Аз гӯсфанди зиндагӣ ӯ дунбаро рабуд, Чӯпон расид, гурги Худоро баҳона кард. Дар нимрӯз хӯрдани савм ихтиёр кард, Ноне гирифт, марди гадоро баҳона кард. Бе ихтиёр хӯрдани худро ба кас нагуфт, Вақти тамазмуз оби ҳаёро баҳона кард. Аз ҳар кӣ дид, даст кушоду талаб намуд, Моро чу дид, дасти дуоро баҳона кард. Банде зи кори банда кушодан хаёл кард, З-ин рӯ кушоду банди қаборо баҳона кард. Дониш ҳанӯз бо ту ниҳонӣ назар надошт, Имрӯз дид ин суханоро баҳона кард.

Китобҳои муаллиф