Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дар идомаи ин ғазал Дониш гӯяд

Аз нигоҳи гарми он шаккарлаби гулгунқабо, Дигарон як бор агар сурханд, ман чанд бор сурх! Муддао рангинии рухсори он гулчеҳра буд, Даъвии лаъли лабаш кардам, шуд аз ин кор сурх. Оташи исён дар ин олам агар сӯзанда нест, Бошад андар қабр гурзи оташин бисёр сурх. Ҳар матоъеро ба ҳар мулке ривоҷе дигар аст, Гул ба бустон сурх бошад, лола дар кӯ ҳсор сурх. Гарчи ранге аз сиёҳӣ нест пуртаъсиртар, Ояд андар ваҳм ранги ҳиндуе зарвор сурх. Шиддати сармои дай беш аст аз гарми тамуз, Мешавад дар Чилла чашми гурги одамхор сурх. З-ин гулистон мояи ранге ба мо ҳосил нашуд, Ҷинси мо ояд аз ин хам мушкилу душвор сурх. Ошиқонро орзӯи дидани гул шуд магар, Аз ғазаб шуд чеҳраи он дилбари айёр сурх. Боғбонро сурхрӯиҳо зи таъсири гул аст, З-ин сабаб шуд дасту пои он бути гулкор сурх. Шуд магар аз нағмаҳои ранг-ранги мутрибон, Пардаи сетор зарду косаи сетор сурх! Ин қадар хоре, ки дар моҳи шариф имсолҳост, Ҳаст дандони ғазаб имсол то перор сурх. З-ин гулистон мояи ранге агар ҳосил нашуд, Аз гули сабр аст моро чеҳраву рухсор сурх. Аз зари сурхи ҳарифон рӯи мо сурхӣ надид, Дониш аз сабру қаноат мекунад ночор сурх.

Китобҳои муаллиф