Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси Дониш бар ғазали Мирзо Бедил

То шуд он маҳваш бурун бо чеҳраи гулнор сурх, Чун шафақ аз акси он рух буд дару девор сурх. Дар чаман шуд он париваш бо сару дастор сурх, Боз хандон гашт лаъли навхати дилдор сурх, Ғунчааш омад бурун аз пардаи зангор сурх. Ҳамчу Мӯсо аз шарори Тӯри ӯ ғофил мабош, Аз лаби лаъли шакар дар шӯри ӯ ғофил мабош, Аз “Ана-л-Ҳаққ ” гуфтани Мансури ӯ ғофил мабош, Аз фиреби наргиси махмури ӯ ғофил мабош, Бе балое нест ранги чеҳраи бемор сурх. Ҳамчу Маҷнун то ҷамолаш дидаам, девонаам, Аз табору хешу аз ҳушу хирад бегонаам, Манзили ман кӯ ҳу дашт асту яке афсонаам, Он баҳори ноз дорад майли ҳасратхонаам, Метавон кардан чу барги гул дару девор сурх. Ҷумла дар сайри гулу ман дар баҳори дигарам, Ҷумла мастанд аз майу ман аз хумори дигарам, Ҷумла дилбар дар канору ман канори дигарам, З-ин гулистон дар камини лолазори дигарам, Оламе маҳви гулу ман доғи он дастор сурх. Аз хумори чашми масташ карда қарзи нашъае, Бе маю бе бода месозем фарзи нашъае, Дар ҷигар дар доғи дил резем тарзи нашъае, Бе гудози дард натвон дод арзи нашъае, Бода ҳам мегардад аз хун хӯрдани бисёр сурх. Куштани ошиқ ба хубони Чигил макрӯҳнест, Пеши он гул будани ошиқхиҷил макрӯҳнест, Будани мо аз заифӣ по ба гил макрӯҳнест, Қатли арбоби ҳавас бар аҳли дил макрӯҳнест, Гар ба хуни гов созад Барҳаман зуннор сурх. Дилбаронро ноз зебандасту ошиқро ниёз, Ҳар кӣ шуд аҳли ҳақиқат, фориғояд аз маҷоз,

Китобҳои муаллиф