Шайони аҷибони ҳумо абраду мин ях
Шайони аҷибони ҳумо абраду мин ях,
Шайхун ятатаббиву сабиюн яташаййах!
Ҳайҳот аз ин майкадаи бесару сомон,
Не ҷом ба даст омаду не коса, на матбах...
Мо гумшудагонем дар ин водии ҳиҷрон,
Ҳасратзадагонем ба фурқат муталаттах.
Мастураи даврониву маъсумаи гардон,
Эй духтари раз, аз ту рамад оташи дӯзах!
Аз фазлу ҳунар ҳеҷ мазан дам, бихуредаш,
Бо аҳли замон гӯй зи лаҳми мутабаттах.
Бо теғи шаҳодат нашуд ин дил чу музайян,
Ҳарчанд бувад зинда бикаш ҷониби маслах.
Аз хоҷа бипурсӣ, ки зи чарбохӯрии хеш,
Чандон шуда фарбеҳ, ки ту гӯӣ мутамассах.
Аз васли ту шодам, ки ба ҷои мутафохир,
Гӯям зи саросемагии худ мутафорах.
Аз оташи ихлос диле гарм накардӣ,
Ҳарфи ту аз ин рӯй бувад абраду мин ях!
Соҳибкарамо, қофиясанҷӣ агар ин аст,
Аз теғи қумоши ту куҷо бигзарад ин нах.
Аз рӯ даву ишкамба туро баҳра набошад,
Як луқма туро кай расад аз шоти мусаллах...
Дониш, чӣ шавад ҳосил аз ин қофиясанҷӣ,
Сайде нашавад банд дар ин дому дар ин фахх.
