Ҷаҳону ҳосили онро бидон, бувад ҳама ҳеҷ
Ҷаҳону ҳосили онро бидон, бувад ҳама ҳеҷ,
Ки хонумону замину замон бувад ҳама ҳеҷ.
Ту дил чаро биниҳӣ дар бинои ин дунё,
Ту хуш нигар, ки сари ӯ дукон бувад ҳама ҳеҷ.
Чаро ба лаззати дурӯза мешавӣ мағрур,
Бубин ту аввалу охир ҷаҳон бувад ҳама ҳеҷ.
Макони аслии мо зери хок мебошад,
Ба дидае, ки басир аст, буд макон ҳама ҳеҷ.
Ту хеш ҳеҷ иву бар ҳеҷ мешавӣ хурсанд,
Баҳуш бош! Мабар ин гумон бувад ҳама ҳеҷ.
Ба ҳеҷ дил ту манеҳ, тӯшаи раҳе бардор,
Ки зоди роҳнадорӣ ту, корвон ҳама ҳеҷ.
Ба илму фазлу ҳунар эй писар, машав мағрур,
Ки илму Дониши ин давру ин замон ҳама ҳеҷ.
