Зоҳид, ки кардааст зи май тавбаи насӯҳ
Зоҳид, ки кардааст зи май тавбаи насӯҳ,
Махсуси мо гузошт магар бодаи сабӯҳ?
Захме ба сад муолиҷа ҳосил намудаем,
Акнун чӣ сон қисос бихоҳем аз ин ҷурӯҳ?...
Канъон бихӯрд бодаи имону ғарқшуд,
Май хур, ки то халос шавӣ аз азоби Нӯҳ.
Соқӣ ҳанӯз даст набурда ба ҷоми май,
Хуш мерасад зи гӯшаи майхона сад футӯҳ!
Аз дарси ишқфаҳм накардем нуктае,
Ҳарчанд аз назар гузарондем сад шурӯҳ.
Донӣ, ки нест илми амалро ба илм кор,
Аз тавбаи насӯҳ гузар кун дами сабӯҳ!
Тӯмори умр тай шуду кардем хатми кор,
Моро нашуд мабодии фитрат ба дил санӯҳ.
Бе ҷазбаи муҳаббату бе нардбони ишқ,
Натвон уруҷкард ба болои ин сутӯҳ!
Дониш кунузи ишқтуро рӯ намедиҳад,
То нагзарӣ зи хеш, нанӯшӣ майи сабӯҳ.
