Умри ту сар ба сар ба сар омад, абас-абас
Умри ту сар ба сар ба сар омад, абас-абас.
Акнун накӯст, ин хабар омад, абас-абас.
То кай ба рӯзи бехабарӣ шод мезийӣ?
Он рӯз шуд шабу дигар омад, абас-абас.
То чашм боз кардаму дидам тамом шуд,
Умрам ҳама ба як назар омад, абас-абас.
Нашнохтӣ ту қимати умри гузаштаро,
Эй кош умри рафта баромад, абас-абас...
Мӯи сияҳ сафед шуд, алтофи ҳусн рафт,
Акнун ки зулф дар камар омад, абас-абас.
Аз сарви қомату хами абрӯи ӯ гузашт,
Тиру камони умр сар омад, абас-абас.
Кори зи даст рафта надорад илоҷҳеҷ,
Афғони мо ба гӯши кар омад, абас-абас.
Мижгони худ чу найза ба хунрези мо кунӣ,
Хунобаҳо, ки аз ҷигар омад, абас-абас.
Мағрури ҳусни худ машав, эй нозанин, ки чанд,
З-ин дар даромаду бадар омад, абас-абас.
Хун рехт аз дилу ҷигари рафтагон ба хок,
Аз сар гузашту сар ба сар омад, абас-абас.
Бар гирудори роҳи хатарнок пур мапеч,
Ҳукми қазо шуду қадар омад, абас-абас.
Сози сафар кунун зи чӣ омода мекунӣ?
Ин роҳрав ба раҳгузар омад, абас-абас.
Мардум ба як ғазал абаси чанд гуфтаанд,
Чун мо кӣ гуфта як ғазал-андар абас-абас?
