В-ар вусма камонкаш шуд, дар абрӯи ӯ пайваст.
Ҳарчанд занам доим бо теғу табар худро,
Дар сина намебинам як зарра асар худро,
З-ин ғусса занам доим бо зеру забар худро,
Чун шамъ вуҷуди мо шаб то ба саҳар худро,
Месӯхт чу парвона, то рӯз зи по биншаст.
Дониш ба чӣ соз омад умри шудаи Ҳофиз,
Бо аҷзу ниёз омад умри шудаи Ҳофиз,
Дар сӯзу гудоз омад умри шудаи Ҳофиз,
Боз ой, ки боз омад умри шудаи Ҳофиз,
Ҳарчанд наёяд боз тире, ки биҷаст аз шаст.
