Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз

Он шӯхи ҷаҳоношӯб бо фитна камар барбаст, Яксар сафи маҳрӯён бо теғи мижа бишкаст, Ногоҳзи бадмастӣ, чун барқзи ҷо барҷаст, Дар дайри муғон омад, ёрам қадаҳе бар даст, Маст аз майу майхорон аз наргиси масташ маст. Аз шавқи ту мерафтам мастонаву вовайло, Сармасти таманное дил волаву ҷон шайдо, Дидам, ки савор омад он шӯхи сумансимо, Аз наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо, В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст. Аз роҳчу бархезам, роҳи дигарам чун нест?... Дар дида чи сон оям, дар дил асарам чун нест?... Аз гиря чӣ парҳезам чун, чашми тарам чун нест?... Охир ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест, В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо ӯ назарам чун ҳаст. Ҳар лаҳза нигоҳи ӯ аз лутфу карам бо мост, Дар доираи ушшоқсад фитнаву сад ғавғост, Чун сарви хиромонаш дар маҷлиси мо шуд рост, Шамъи дили дамсозон биншаст, чу ӯ бархост, В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст. Аз боди сабо зулфаш атрофи суман бӯйид, Ҳусну карамаш афзуд, кокул чу ба сар гардид, Шуд сурма баландиқбол, хоки қадамаш бӯсид, Гар ғолия хушбӯшуд, дар гесӯи ӯ печид,

Китобҳои муаллиф