Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Шоҳид биё, ки мутриби мо соз баргирифт,
Сӯфӣ, ки тавба карда зи май, ҷом даргирифт,
Зоҳид гузашта буд зи суҳбат, зи сар гирифт,
Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда баргирифт,
Кори чароғи хилватиён боз дар гирифт!
Он гул, ки дар чаман дили булбул ба ишва бурд,
Бо тири ғамза ҳам ҷигари боғбон бидӯхт,
Зоҳид ба як карашма ҳазорон дуо фурӯхт,
Он шамъ сар гирифта чу гул чеҳра барфрӯхт,
В-он пири солхӯрда ҷавонӣ зи сар гирифт.
Он доми ғам, ки қумрии дил баста карда буд,
Аз доғҳои сина чу гул даста карда буд,
Шамшоду сарвро қадаш ишкаста карда буд,
Бори ғаме, ки хотири мо хаста карда буд,
Исодаме Худо бифиристоду баргирифт.
Як ҷилва кард ҳусни ту аз ҷой маҳгирифт,
Як фитна кард чашми ту зоҳид зи раҳгирифт,
Аз хонақаҳ ба майкада ҳоли табаҳ гирифт,
Он ишва дод ишқ, ки тақво зи раҳгирифт,
В-он лутф кард дӯст, ки душман ҳазар гирифт.
Фарёд аз он ду гесӯи мушкини дилфиреб,
Афғон аз он ду кокули пурчини дилфиреб,
Бурданд дину дил ба ҷавонини дилфиреб,
Зинҳор з-он иборати ширини дилфиреб,
Гӯӣ, ки пистаи ту сухан дар шакар гирифт.
