Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Диле, ки бастаи доми ризои хештан аст,
Ба ком кай расад он дил ба ҷои хештан аст,
Чу мурғғ амзаи сайди ҳавои хештан аст,
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст,
Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст.
Ризои туст чу асли ниҳоди хотири мо,
Чӣ мешавад, ки кунӣ гоҳшод хотири мо,
Ба-д-ин васила кунӣ хайрбоди хотири мо,
Гарат зи даст барояд муроди хотири мо,
Ба даст ор, ки чизе ба ҷои хештан аст.
Ба ёдат эй гули рангини ман, ки ҳамчун шамъ,
Гудохт ин дили сангини ман, ки ҳамчун шамъ,
Намонд тоқату тамкини ман, ки ҳамчун шамъ,
Ба ҷонат, эй бути ширини ман, ки ҳамчун шамъ,
Шабони тирамуродам фанои хештан аст.
Чу ёди зулфи ту кардам шикаста шуд сунбул,
Чу меҳри рӯи ту бурдам, хамид қомати гул,
Зи ҳасрати майи лаъли ту шиша дар қул-қул,
Чу рои ишқзи дил бо ту гуфтам, эй булбул,
Бигуфт он гули худрӯ барои хештан аст.
Зи меҳру моҳрухат бурда баски боҷу хироҷ,
На бо чароғи шабу шамъи рӯз дил муҳтоҷ,
Ба шоҳии ту чӣ ҳоҷат, кулоҳи зар кашу тоҷ,
Ба мушки Чину Чигил нест ҳусни гул муҳтоҷ,
Ки нофаҳош зи банди қабои хештан аст.
Нишин ба кулбаи эҳзони худ чӣ ом, чӣ шаҳр,
Зи халқи даҳр дил озод кун, чӣ лутф, чӣ қаҳр,
Мабар зи неъмати волои халқ нимраҳбаҳр,
Марав ба хонаи арбоби бемуруввати даҳр,
Ки ганҷи офиятат дар сарои хештан аст.
Ба маҳфиле, ки кунанд, Дониш, ошиқон бозӣ,
Зи сар гузашта намоянд нақди ҷон бозӣ,
