Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси Дониш бар ғазали Мирзо Бедил

Пардаи гул медамад, ғунчаи хандони кист? Сабзаву насрин дамид, саҳни гулистони кист? Талхии май мебарад, шӯри намакдони кист? Мавҷҷунун мезанад, ашки парешони кист? Нола ба дил мехазад, ханҷари мижгони кист?... Зулфи ту мушки Хутан, ноқакаши Чин кадом, Лаъли ту хурмои тар, меваи ширин кадом, Ҷуз лабу дандони ту, хӯшаи Парвин кадом, Ғайри муҳаббат дигар, дин чиву ойин кадом, Уммати парвона бош, сӯхтан имони кист? Шӯхи майошоми ман кард зи мастӣ гузар, Шӯри қиёмат ба сар оламе зеру забар, Дода ба заҳроб дурр, ханҷари мижгон нигар, Таҳти диле дар назар, ин ҳама чоки ҷигар, Ҳайратам ойина кард, дасту гиребон куҷост? Эй дили бехонумон, чанд нишинӣ хароб? Оташи шавқе бихон дарзану мешав кабоб, Бар сари чархи фалак, чанд занӣ печутоб? Риштаи амвоҷро уқда нагардад ҳубоб, Обила дар роҳи шавқ монеъи ҷавлони кист? Масти ҷунунам чунон, ҳеҷ напурсӣ зи ман, Гарчи маям кам диҳад соқии ин анҷуман, Оташи шавқаш чунон карда ба ҷонам ватан, Дил зи паяш рафту ман, меравам аз хештан, Айби ҷунунам макун, нола ба фармони кист? Ишқ ба гардан фиганд, риштаи иқду гуҳар, Кист халосам кунад, ҷуз карами додгар? Лутфи ту пинҳон бикушт в-арна дар ин раҳгузар, Ҳусни бутон ин қадар, нест фиреби назар, Гар на туӣ ҷилвагар, ойина ҳайрони кист? Дониш зи ёру диёр, ришта чу бигсастаем, Хаставу афсурдаҳол, ғамзада биншастаем,

Китобҳои муаллиф