Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дилдор дӯш бар сари мо бехабар гузашт

Дилдор дӯш бар сари мо бехабар гузашт, В-арна куҷо ба хотираш ин раҳгузар гузашт. Ҷамшед ҷоми май ба кафу рӯ д, нӯш кард, Дарди хумор-ш аз сари мо бештар гузашт. Тири қазо чу ромии тақдир рост кард, Аз сина то ба гуфтани “Айнал мақарр” гузашт. Ҳарфе, ки аз лаби ту (ба) ҷони ҳазин расид, Айёми ҳаҷр буд, зи ширу шакар гузашт. Не тан дуруст монд марову на ҷону дил, Захми фироқи дӯст зи теғу табар гузашт. Раҳме ба ҳолу ҷони мани нотавон накард, Оҳам зи кӯи дӯст басе беасар гузашт. Ҳарчанд тоза-тоза наво кардамаш ба гӯш, Дониш ниҳоли ман зи ҷаҳон бесамар гузашт.

Китобҳои муаллиф