Мухаммаси Дониш бар ғазали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз
Диле, ки аз ғами айём раст, обод аст,
Агарчи банди ғами даҳр бошад, озод аст,
Чӣ ҷойи нолаву ҳангоми оҳу фарёд аст?
Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.
Биёву дам мазан аз гуфтугӯи буду набуд,
Ки ин таронаи бетоқатӣ надорад суд,
Ҳар он чӣ хост, шавад, ҳар чӣ хост, хоҳад буд,
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
Аз ин сарои дудар раҳравон ба сабру шитоб,
Гузаштаанд гаҳе ҳушёру гоҳ ба хоб,
Ба дидаҳои пуробу ба синаҳои хароб,
Чӣ гӯямат, ки ба майхона дӯш масту хароб,
Сурӯши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст.
Ғами ту гашт маро мондаи пасин зи пасин,
Нишастаанд туро душманон камин зи камин,
Ба гӯши ҳуши ту хонданд нағмаҳое чунин:
Ки эй баландназар, шоҳбози сидранишин,
Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.
Зи кунҷи савмаъаву чарх ошкору сатир,
Наво зананд туро ҳар замон қалилу касир,
Зи ошёни фалак мерасад ба кӯ си сафир,
Туро ба кунгураи арш мезананд нафир,
Надонамат, ки дар ин домгаҳчӣ уфтодаст.
Ба маснаде, ки туро дода шуд нишин дилшод,
Дило суруру ғами орзу бикун озод,
Чу гул ба ханда нишин, шод бош чун шамшод,
Ғами ҷаҳон махуру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи ғайбам зи раҳраве ёд аст.
Зи пири ақл ба гӯшам расид ин иршод,
Ба халқнола макун аз ҷаҳони бебунёд,
