Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Соқиё май деҳ, ки бе май кори мо ҷавҳар надошт

Соқиё май деҳ, ки бе май кори мо ҷавҳар надошт, Гарчи аз дарё баромад оби ин гавҳар надошт. Аз нигоҳаш даргузар роҳи таҳайюр пеш гир, Золи дунёро шунидастам, ки як шавҳар надошт. Маст кард аз наргиси фаттон саросар ҷумларо, Соқии мо гарчи дар маҷлис ба каф соғар надошт. Хоки мо девона созад мазраи шӯри туро, Лек деҳ қони сафо ин қавлро бовар надошт. Бе мададгоре дар ин раҳмебарам бори гарон, Тоҷири мо ҳеҷ парвои хару чокар надошт. Чун тамаъ дорӣ, мурувват бештар аз мову ту, Хоҳарон аз додарону додар аз хоҳар надошт. Қиссаи деҳ қонии Одам ба мо маълум кард, Ин замин беш аз ману ту ҳеҷ киштовар надошт. Умрҳо Дониш ба по мекард қатъи роҳи фақр, Не ғаме аз зоди раҳмекарду фикри хар надошт.

Китобҳои муаллиф