Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Умри кутаҳ зоеъу беҳосилу барбод рафт

Умри кутаҳ зоеъу беҳосилу барбод рафт, Ҳар чи ҷамъ овард, дар дастури туринҷот рафт. Сиккаи бетоқатӣ охир ба номи мо заданд. Тоқати мо тоқшуд, аз ҷону дил тоқот рафт. Дар баланду пасти роҳи бандагӣ дар кори мо, Мабҳаси шаръии мансуботу маҷрурот рафт. Ҷумлаи эъробҳо мағшуш шуд аз саъйи мо, Ҳеҷ ҳарферо нафаҳ мидему мабниёт рафт. Дар канори баҳри ғам охир ба гирдоби фано, Тӯлу арзи умри қаблиёту баъдиёт рафт. Булбули масте бувад, гулшан куҷо, қумрӣ куҷо? Ғунча то во кард лаб, гул бар сари ҳолот рафт, Масҷиду майхонаҳо дарбаста шуд бар рӯйи мо, Турраҳоти сӯфиёни маст дар томот рафт. Аз китоби фазли маънӣ нуктае нохонда монд. Чанд авроқе, ки гардондам ба иҷмолот рафт. Муфтии моро қалам бишкасту коғ аз руқъа шуд, Андаке охир нафаҳ мидему масъулот рафт. То нафас дар ҳалқаи беҳосилиҳо банд шуд, Зикри мо охир чунин бе нафйю бе исбот рафт. Дарси мо Дониш нафаҳмиду ба ҳайрат боз монд, Баски мавзуъоти мо бе рабти маҳмулот рафт.

Китобҳои муаллиф