Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Қисса кутаҳкун, ки рӯз охир шуду авқот рафт

Қисса кутаҳкун, ки рӯз охир шуду авқот рафт, Мо мазо бигзашт, ҳол аз ҳол шуд, офот рафт! Шарҳи ҳоли худ бикардам арзаи соҳибдилон, Хатм шуд Қуръону ҳарф аз сураву оёт рафт. Тири мо дур аз нишон уфтод дар ҳар ҷо, ки буд, Сайди мо парвоз карду аз паси калхот рафт. Дона дар ҳар хок афкандем сел аз ҷой бурд, Решаи умре, ки шуд фарсуда дар сарҳот рафт. Осиёбе дона кишту сангҳо фарсуда шуд, Чарх бемасраф шуду ҳосил ба исрофот рафт. Кишти мо нопухта шуд сармояи мӯру малах, Хирмани мо каҳҷудо нокарда бе ғаллот рафт. Шоҳ дар гарду ғубори пои лашкар хира шуд, Нури ин хуршед маҳви ҷӯшиши заррот рафт. Аз китоби умри мо маънӣ ҳама маъдум шуд, Рамзи мазмуне, ки бошад, ҷумла дар абёт рафт. Дӯш аз ҷоми фано Дониш майи ваҳдат чашид, Бо адам якранг гашту бехуди нашъот рафт.

Китобҳои муаллиф