Нахли ҳаёти мо чӣ қадар бесамар гузашт
Нахли ҳаёти мо чӣ қадар бесамар гузашт,
То даври чарх монд зи мо чанд сар гузашт.
Фарҳод рафту монд ба ҷо кӯ ҳи Бесутун,
Эй раҳравон, бибояд аз ин кӯ ҳу дар гузашт.
Таҳқ иқкунҷ -кунҷи қаноат намуда шуд,
Дар будаву набуда хушу хубтар гузашт.
Ин дор дори ҳасрату ҷои надомат аст,
Хуштар ҳамон, ки бо аламу чашми тар гузашт.
Моро чӣ шуд, ки ёр бар аҳволи мо надид,
Ин роҳро гузошт, ба роҳи дигар гузашт.
Баракс рафта шеваи ин чархи бемадор,
Аз Рахши Рустам оқибат-ул - амр хар гузашт.
Дирӯз дар миёна надонам чӣ ҳол шуд,
Имрӯз аз гузашта саросар батар гузашт.
Донӣ куҷост савмаъаву роҳи майкада?
Фарқе миёни ин ду накардиву сар гузашт.
Гуфтӣ кунам талофии айёми рафтаро,
Имрӯзат аз тамомии рӯзат батар гузашт.
Хурду калон ба дидаи ибрат надидаӣ,
Чандон ки Муш омаду Соли бақар гузашт.
Чун меваҳои сайфу шито гӯиё ба халқ,
Ҳар нуктае, ки аз қалами хушку тар гузашт.
Гуфтам Алиф, ба Йо нарасиду тамом шуд,
Муҷмал нашуд муфассалу бас мухтасар гузашт.
Аз донаҳои беҳуда анбор пур макун!
Аз гандуме чиҳо сари шӯру шарар гузашт.
