Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Теғаш зи сина, ханҷари ӯ аз ҷигар гузашт

Теғаш зи сина, ханҷари ӯ аз ҷигар гузашт, Кокул ба дӯш омаду зулф аз камар гузашт. Дар ошёни кулбаи мо устухон надид, Аз сар Ҳумои толеи мо тезпар гузашт. Ин хирагӣ, ки халқ ба ҳам кор мебаранд, Таъсири ӯ ба сина зи теғу табар гузашт. Рӯи ту дар сафову ҷабини ту дар сафо, Дар вартаи камол зи Шамсу Қамар гузашт. Бигзашт умр дар ғаму мақсад нашуд ҳусул, Тири дуо магар зи ҳадаф дуртар гузашт. Тири қазо чу ромии тақдир рост кард, Аз сина то ба гуфтани “Айнал мафарр” гузашт. Ҳафтоду шаст рафт зи авқоти умр, лек, Дониш нагуфт ин қадару он қадар гузашт.

Китобҳои муаллиф