Ба шохи сарв, ки булбул ҳамеша нолон аст
Ба шохи сарв, ки булбул ҳамеша нолон аст,
Зи гул наво талабидан на кори осон аст.
Чӣ сон фусурдадилон тоби ҳарфи мо оранд,
Забони тез, ки дорем, ҷои пайкон аст!
Зи роҳи ҳирс ба гардан фитода рӯзе ҷинс,
В-агарна олами фонӣ чӣ ҷои инсон аст.
Хумори чашми ту мастона мебарад моро,
Дигар (чу) соқии мо оби теғи мижгон аст,
Нигини сабр дар ангушти фақр андозем,
Ҳазор бор беҳ аз хотами Сулаймон аст!
Агар ба ҷайби тафаккур саре фуруд орем,
Шарори давлати мо барқчини домон аст!
Зи нола қумрии мо гул зи бун барандозад,
Ба гулшане, ки ниҳоли қадаш хиромон аст.
Фалак сиришта ба хуни дилу ҷигар моро,
Шунидаем, ки лаъл аз ҳади Бадахшон аст!
Агарчи қиссаи Фиръавн ғуссапардоз аст,
Вале чӣ суд, ки Ҳомон зи бадсиголон аст.
Саманди килки ту ҳарчанд тезҷ авлон аст,
Инон бикаш, ки ҷаҳон турфа тангмайдон аст.
Агарчи Лайливу Маҷнун ду гул зи як чамананд,
Ду ғунча қиссаи Абсол бо Саломон аст.
Агарчи хона васеъ асту мизбон хушдил,
Сабук нишастану бархост ҳусни меҳмон аст.
Ту хоҳадл куну хоҳзулм, эй Дониш,
Иборатест, ки кофист гургу чӯпон аст.
