Ало эй каъбаи давлат маро хоки сари кӯ ят
Ало эй каъбаи давлат маро хоки сари кӯ ят,
Набошад қиблаи ҷонам ба ҷуз меҳроби абрӯят.
Зи ишқи рӯи гул булбул накардӣ нолаву ғул- ғул,
Агар андар ниҳоди гул надидӣ накҳати бӯят,
Агар дар рӯи маҳрӯе ба меҳри дил назар кардам,
Накардам ҷуз ба-д-он ваҷҳе, ки ҳаст оинаи рӯят.
Дилам вақти гулу сунбул ҳаводори сабо з-он шуд,
Ки меёбад аз ӯ ҳар дам насими сунбули мӯят.
Сабо дӯкони атторӣ кушудан кай тавонистӣ,
Гар ӯро нестӣ ҳар дам гузар бар чини гесӯят.
Агар гаҳ -гоҳДониш рӯй сӯи ғайр овардам,
Ба сурат рӯ матоб аз ман, ки дорам рӯи дил сӯят.
