Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Эй туро аз нолаҳои мо дили маҳзун хароб

Эй туро аз нолаҳои мо дили маҳзун хароб, Аз ғами лайлишиорон синаи Маҷнун хароб. Гулъузорон дар чаман аз оразат дар печутоб, Оҳувон аз чашми бемори ту дар ҳомун хароб. Шоху барги лола аз доғи дили мо барҳазар, Обу ранги бӯстон аз он лаби майгун хароб. Дафтари доғи дили Маҷнун ба Лайлӣ мухтасар, Нағмаҳо аз дарди мо дар пардаи Қонун хароб... Сомирӣ рӯзе, ки он гӯсоларо фарбеҳ намуд, Синаи Мӯсо кабобу хотири Ҳорун хароб. Аз шиори сусти мо ёрон чунин фаҳмидаанд, Назм агарчанде, ки мавзун омада, мазмун хароб... Аз харобӣ дам мазан Дониш, ки гуфтам равшанат, Кист монанди ту андар даври ин гардун хароб?

Китобҳои муаллиф