Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси Дониш бар ғазали Имло

Хондем васфи дӯзаху мадҳи биҳиштро, Нашнохтем худ баду некӯ сириштро, Равшан накардаанд хати сарнавиштро, Кардем сайр хонақаҳу ҳам куништро, Дидем рӯ ба ҷониби ӯ хубу зиштро. Ҳар ранҷро, ки ҳаст, шифое навиштаанд, Ҳар бенаво барои навое навиштаанд, Ҳар феъли неку бад ба сазое навиштаанд, Ҳар дардро, ки ҳаст давое навиштаанд, Лекин давопазир нашуд феъли зишти мо. Дил кандан аз ҳавои ду олам чӣ неъмат аст! Дар гӯшае нишастан бар ғам чӣ неъмат аст! Будан барӣ зи ҳиммати Ҳотам чӣ неъмат аст! Тарки тамаъ зи мардуми олам чӣ неъмат аст! Гум кардаанд халқ тариқи биҳиштро... Чашм аз фироқи рӯи ту аз хоб мондааст, Дилро хумори чашми ту аз об мондааст, Аз сӯзи ҳаҷр ҷон ба табу тоб мондааст, Дил аз хумор, мазраъа аз об мондааст, Соқӣ, биёву аз сари хум гир хиштро! Хӯкарда худ ба талхии ҳаҷри ту коми ҷон, Пур аз майи фироқи ту ҳамвора коми ҷон, Бошад ҳамеша вақфи мароми ту коми ҷон, Афсурда аз зукоми таманно машоми ҷон, Бикшо ба ноз турраи анбарсириштро! Аз абри раҳмати ту дар ин вартаи умед, Борони файз рехт дар ин мазраи умед, Сероб шуд дилу ҷигар аз машраи умед, Ҳосил фузун гирифт дар ин мазраи умед Барвақт дод об ҳар он кас, ки киштро. Дилҳои аҳли кашф дар ин варта хун шавад, Байни риҷову хавф, ки аҳвол чун шавад,

Китобҳои муаллиф

Мухаммаси Дониш бар ғазали Имло | Шоирон