Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммаси марсияи Дониш

Оламе дар ҳайратанд аз дарди бедармони мо, Ғофиланд аз ин ки бошад з-ин сару сомони мо, Лутфҳо созад ба мо з-ин мавҳабат раҳмони мо, Рафт бар боди хазон ёрон гули райҳони мо, Ошкоро шуд ба олам неъмати алвони мо! Сӯхт з-ин оташ дар ин олам дили деву парӣ, Не кулоҳи бандагӣ монад, на тоҷу сарварӣ, Кори оламро ҳамебинам саросар сар-сарӣ, Рафт бар боди хазон ёрон гули райҳони мо, Нест ғайр аз сабру тоқат дӯстон дармони мо. Дар азал моро барои бурданӣ овардаанд, Бар билоди дарду ғам хӯкарданӣ овардаанд, Не барои хурдану парварданӣ овардаанд, Нест ғайр аз сабру шукру бандагӣ дармони мо, Ошкоро шуд ба олам иллати пинҳони мо Чист ғайр аз сабру тоқат эй азизон, ҷони мо? Фикри худ созед, эй дармондагони дарду ғам, Кори мо дигар намебошад ба ҷуз оҳу надам, Довари қодир магар созад ба мо фазлу карам, Ошкоро шуд ба олам дарди бешу сури кам, Дӯстон дорад илоҷе дарди бедармони мо?... Тӯраҷонам рафт аз бар, сӯхт дар тан ҷони ман, Рафт бар боди хазон ёрон гули райҳони ман, З-ин талотум бар фалак шуд нолаву афғони ман, Нест ғайр аз сабру тоқат дӯстон дармони ман, Ошкоро шуд ба олам меҳнати пинҳони ман. Зиндагиро ҳосили дигар набошад ҷуз алам, Хоки одамро сириштанд аз азал бо дарду ғам, Ҳар киро дидем дорад з-ин талотум бешу кам, Рафт бар боди хазон ёрон гули райҳони ман, Нест ғайр аз сабру тоқат дӯстон дармони ман. Дарди ҳиҷроне, ки дар дил солҳо ҷо кардаем,

Китобҳои муаллиф