Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммас бар ғазали аввали Бедил

Чӣ мумкин орзӯболе кушояд ғайри оҳ он ҷо, Надорад тоқати парвоз симурғи нигоҳ он ҷо, Ба аҷзи хеш доранд эътирофе меҳру моҳ он ҷо, Ба авҷи кибрё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо, Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо. Ҳумои нестӣ парвози шӯхӣ барнамедорад, Забони аҷзи ошиқхуд хамӯшӣ барнамедорад, Хумори чашми масташ боданӯшӣ барнамедорад, Адабгоҳи муҳаббат нозу шухӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба муҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо. Ба фикри гулшани ҳуснаш чаманбез аст аҷзоям, Ба бӯи зулфи мушкинаш суманрез аст аҷзоям, Ба ёди чашми масташ фитнаангез аст аҷзоям, Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям, Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо. Тамошои ҷаҳон дорӣ ҳавас, сар дар гиребон кун, Табиби васл меояд ба дарди хеш дармон кун, Ҷунуне кор фармо, ҳар ду олам зери фармон кун, Муқими дашти улфат бош, хоби ноз сомон кун, Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо. Ба баҳри яъс бояд ғарқшуд з –изҳори навмедӣ, Ба ранги нестӣ шуд маҳв дар атвори навмедӣ, Намонад ҳеҷ дар дил заррае з-осори навмедӣ, Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ, Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо. Ба зонӯи таваккул дар ба рӯи ғайр барбастан, Ба кунҷи бехудӣ осуда аз ағёр биншастан, Ба санги якдилиҳо шишаи авҳом бишкастан, Ба саъйи мушкили будан, зи ошӯби дуӣ растан, Саре дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ он ҷо. Ба ҷуз ҳирмон раҳоварде надорад Юсуфи матлаб, Зи дилгармӣ, ба ҷуз сардӣ надорад Юсуфи матлаб,

Китобҳои муаллиф