Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мухаммас бар ғазали аввали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз

Ба роҳи ишқбас ушшоқро тай шуд мароҳилҳо, Гирифт аз суҳбати ағёр ҳам арбобро дилҳо, Ало, ё айюҳ ассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо, Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо. Агар моҳи рухаш дар соя уфтад ғурра бикшояд, Зи пешонӣ паи аҳбоб он маҳдурра бикшояд, Зулайхо баҳри Юсуф банди кунҷи сурра бикшояд, Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд, Зи тори ҷаъди мушкинаш чӣ тоб уфтод дар дилҳо. Зи сахтиҳои ин раҳраҳ равон бар бераҳӣ моил, Ба аҷзи хештан аз норасоиҳои худ қоил, Ҷигарҳо решу дилҳо хаста аз атволу аз тоил, Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил, Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо... Ба дарди дӯст тамкин кун гарат, пири муғон гӯяд, Ту худро шоду ғамгин кун гарат, пири муғон гӯяд, Ту кори хеш сангин кун, гарат пири муғон гӯяд, Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд, Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо. Чу ман дар ишқи ӯ доғам, саропо сар ба сар дардам, Ба роҳи интизораш ҳамчу хок уфтодаву гардам, Агарчанде ки дар роҳи муҳаббат комилу фардам, Маро дар манзили ҷонон чӣ амни айш чун ҳар дам, Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо! Зи ишқи дӯст кори ман ба нокомӣ расид охир, Зи ҳаҷраш сӯхтам, ҳарчанд дил хомӣ кашид охир, Ғами ағёрро бо хештан ҷоме кашид охир, Ҳама корам зи худномӣ ба бадномӣ кашид охир, Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо. Миёни ошиқу маъшуқ, рав, ҳоил машав Ҳофиз, Ғубори хотири аҳбобро ҳомил машав Ҳофиз, Зи ҳусни бениқоби дӯст худ зоил машав Ҳофиз,

Китобҳои муаллиф

Мухаммас бар ғазали аввали ҳазрати Хоҷа Ҳофиз | Шоирон