Қитъа ба тариқи танз
Як қатра з-оби лутфаш дар коми мо чаконад,
Дӯзах фурӯ нишонад тоҷи нигингаи мо.
Ҳамранги мо бароянд дар кӯ ҳу дашти имкон,
Шерони нар даронанд чанги палангаи мо.
Дар гӯши аҳли ғафлат ҳаргиз асар надорад,
Сад сол агар навозанд гӯши тарангаи мо.
Ин зоғсиратонро гунҷишк бемаҷол аст,
Бошад фиреб ҳарчанд мурғи кулангаи мо.
Дар дида мӯри ланге, дар ғайб чун паланге,
Ё Рабб, чӣ ҳол дорад қавли дурангаи мо?
Лутфаш магар ба ранге созад салоҳи коре,
Дар ӯ асар набошад захми фарангаи мо.
Дар ҷӯи зиндагонӣ як қатра обрӯнест,
Дар рутбаи адам рафт номусу нангаи мо...
Ҳарчанд шер бошад, бояд ҳазар намояд,
Дониш баробарӣ кард бо мӯри лангаи мо.
