Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Соқиё, то кай ба ҷоми мо нарезӣ бодаро

Соқиё, то кай ба ҷоми мо нарезӣ бодаро, Ранги ёқӯтӣ бубахшӣ чеҳраҳои содаро. Вақти давлат дар гузору фурсати айём танг, Кай бибардорӣ зи ҷо ғамгин дили афсурдаро. Гул ба сайри боғмеояд насими субҳдам, Аз хасу хошоки ғам пардохт бояд ҷодаро. Ҳезпарварданд аҳли ин замон аз тирагӣ, Кай шиносанд з-ин миён фарзонаи озодаро. Ришу сиблат ҳар киро диданд мехонанд мард, Фарқ натвонанд кардан шери нар то модаро! Боғбонро имтиёзе нест дар гулзори даҳр, Нахл дар оташ бисӯ занду нишона(н)д ходаро. Баски чашми хоҷа дар шаҳват сиёҳӣ кардааст, Ҷой дар болои зонӯ карда бибилодаро. Чашм бикшоданд ҷуз сахтӣ надиданд аз азал, Тарк натвонанд кардан одати муътодаро. Гоҳ аз ҳастиву гаҳ аз нестӣ дил мебарад, Илм бисёр аст ёрон шӯхи муллозодаро. Чун расад овози пову бигзарад ӯ, гӯшинос, Хайли асбоби адаб хонанд гову подаро. Ҳар замон аз хотири мо ин дури макнун барор, Дур кун аз дил ғами айёми ҳасратбурдаро. Хок шуд Фарҳоду кӯ ҳи Бесутун бар ҷой монд. Хусраво, дилбастагӣ кам кун ту ин фарҳ одаро. Бешу кам аз лутфи абрӯар ба даст овардаӣ, Муғтанам дон, эй гул, инак давлати омодаро.

Китобҳои муаллиф