Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Ғунудан нест аз осоиши мо

Ғунудан нест аз осоиши мо, Намудан нест дар ороиши мо. Асар дар дил набошад панди моро, Ҷаҳон пок аст аз олоиши мо. Надорад тоби мо парвезани чарх, Зи софӣ бигзарад полоиши мо. Ба аҳли даҳр яксар дар низоъем, Қабули кас надорад хоҳиши мо. Ҳидоятро ба мо роҳе набошад, Чӣ созӣ ин қадар омоиши мо. Шабехун мезанад ҳарчанд даврон, Камӣ ҳар гуна дар афзоиши мо. Ба нодонӣ задам охир зи Дониш, Қабули халқшуд доноиши мо.

Китобҳои муаллиф