Собирова Нигора
1994Собирова Нигора Сафаровна аз овони кӯдакӣ ба шеър шавқу муҳаббати самимӣ дошт: ашъори шоирони дӯстдоштаашро бо шавқ мутолиа намуда, тадриҷан худ низ ба эҷоди осори хеш бо забони русӣ пардохтааст. Имрӯз ӯ дар ҳаёти адабии кишвар фаъолона ширкат меварзад, дар маҳфилҳои эҷодӣ суханронӣ мекунад ва дар чорабиниҳои Иттифоқи нависандагон иштирок менамояд. Нигора муаллифи чандин роман буда, дар соли 2026 нашри асари нави ӯ "Мы люди" дар назар аст. Ӯ дар осораш мекӯшад умқи эҳсосоти инсонӣ ва нозукиҳои рӯҳу равони башарро бо назокату таъсирбахшӣ бозгӯ намояд.
32Шеърҳо
175Боздид
