Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Тирамоҳи ман, баҳори ман куҷост?

Тирамоҳи ман, баҳори ман куҷост? Бебарорам ман, барори ман куҷост? Хушкдасту хушклаб мондам, дареғ, Бӯсаҳои гарми ёри ман куҷост? Дар кафам монда кафи хокистаре, Он ҳама барқу шарори ман куҷост? Дилбарони дилфигорам гӯшагир, Мавсими пурбаргубори ман куҷост? Дар дили шабҳо дилам сих мезанад Он дили шабзиндадори ман куҷост? Эй фалак, хуршеди ту ҷонам бисӯхт, Офтоби рӯзгори ман куҷост?