Чун дар ҷаҳон нигаҳ накунӣ, чун аст,
Чун дар ҷаҳон нигаҳ накунӣ, чун аст,
К-аз гашти чарх дашт чу гардун аст?
Дар боғу роғ мафраши зангорӣ
Пурнақши заъфарону табархун аст.
В-он абри ҳамчу кулбаи наддофон
Акнун чу ганҷи лӯълӯи макнун аст.
Бар чарх ҳамчу лола ба дашт-андар
Миррих чун саҳифаи пурхун аст.
Чун аст боғу шохи суман Парвин,
Ки Моҳи навхамида чу урҷун аст.
Бо чархи пурситора нигаҳ кун, чун
Пурлола сабза дархӯру мақрун аст.
Чун рӯи Лайлӣ аст гулу пешаш
Сарви навон чу қомати Маҷнун аст.
Чун Муштарист зард гулаш, лекин
Ин муштарӣ ба анбари маъҷун аст.
Машриқ ба нури субҳи саҳаргоҳон
Рахшон ба сони торами зарюн аст.
Гӯӣ миёни хаймаи пирӯза
Пур з-оби заъфарон яке оҳун аст.
Дашт ар чунин набуд ба моҳи дай,
Б-урдибиҳишт моҳ чунин чун аст?
Саҳро ба ложварду зару шангарф
Аз баҳри чӣ мунаққашу мадҳун аст.
Хоке, ки мурда буду шуда резон,
Оганда чун шуду зи чӣ гулгун аст?
Ин мушкбӯй сурхгули зинда
З-он зиштхоки мурдаи мадфун аст.
Он мурдаро кӣ кард чунин зинда?
Ҳар кас, ки ин надонад, мағбун аст.
Ин кор аз он ки зинда кунад онро,
Эзид ба ҳашр мояву қонун аст.
Ин мурда лоларо, ки шавад зинда,
Нам салсабилу маҳшар ҳомун аст.
В-он хушк хору хас, ки бисӯзандаш,
Фиръавни бесаломату Қорун аст.
В-андар ҳарири сабзи ситабрақҳо
Себу биҳӣ чу Мӯсиву Ҳорун аст.