Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФОТЕҲОНА

Бирез бода, ки даври ситам нахоҳад монд, Дигар ба мижаи мо низ нам нахоҳад монд. Баёни ҳоли худ имрӯз бар саҳифа навис, Ки рӯзи баъд ба дастат қалам нахоҳад монд. Агар ба теғи ситам сар ниҳему дам назанем, Касе ба фотиҳаи мо қадам нахоҳад монд. Бигӯ ба хасм, ки ин сар ба бод хоҳад рафт, Вале ба пои ту як лаҳза хам нахоҳад монд. Дило, зи ғусса маяндешу фотеҳона биханд, Ки ҷовидона туро ин алам нахоҳад монд. Сипеҳри сифла раҳи мардумӣ чунон барбаст, Ки дар замона яке муҳтарам нахоҳад монд. Саҳар ба Хоҷаи Шероз ҳоли дил гуфтам, Бигуфт: «Мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд».