Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,
Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,
Ин қадар аз худ марав, пеш аз ту Ҳофиз будааст.
Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,
Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.
Шоири ҳар давр даври хешро шоир кунад,
Шеър дар ҳар давр исёни мубориз будааст.
Ман ба асли ҳар сухан рафтам
беҳ аз чандин туе,
Қундузеро, ки ту медонӣ, куҳандиз будааст.
Эй, ки суд аз шеър меҷӯӣ, ҳама ганҷи ҷаҳон
Дар баҳои шеъри оламгир ночиз будааст.