Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХУНИ САНГ

Ба хотири инҳидоми бутҳои Бомиён тавассути кӯрдил ва фарҳангситез Баҳор омад, дареғо, мотаме дар гулшан аст имрӯз, Ба барги ҳар дарахте мурғаке дар шеван аст имрӯз. Гиребон бояд аз ғам пора созем, эй ватандорон, Гиребони Ватан дар панҷаи Аҳриман аст имрӯз. Ба меҳан боядаш мерехтам, фарёд аз ин ғурбат, Зи хуни хеш мешармам, ки ҷорӣ дар тан аст имрӯз. На ҷисми нотавонамро маҷоли ҷонфишониҳо, На чашми бефурӯғамро тавони дидан аст имрӯз. Нигинеро ,ки бар тоҷи ғурури Шарқ метобид, Чӣ сон бинам, ки помоли ҷунуни душман аст имрӯз? Ба гӯши қотили мардум шунидам рӯҳи Буддо гуфт: «Ки хуни санг, инак, туро дар гардан аст имрӯз». Табар дар дасти кӯр афтода, кишвар мешавад вайрон, Худоё, гарданаш бишкан, ки бишкан бишкан аст имрӯз.