Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

СИЯҲПӮШ

Дар пардаи баҳор чакидаст хуни мо, Хушнақшу хушнигор чакидаст хуни мо. Танҳо, магӯ, шақоиқи дашт аст, сурх аз он, Ҳатто ба неши хор чакидаст хуни мо. Гаҳ рӯи санги сангару гаҳ рӯи фарши шоҳ, Гоҳе ба пои дор чакидаст хуни мо. Он ҷо, ки умқи фоҷеаро ҷеғ мезадем, Бар реги раҳгузор чакидаст хуни мо. Ҳамгоми модарони сияҳпӯши шаҳри ишқ, Дар кӯча сӯгвор чакидаст хуни мо. Рӯзе, ки ҷанг ҷангали моро ба фитна сӯхт, Дар дуду дар шарор чакидаст хуни мо. Бо боли захмхӯрда чу кардем қасди кӯч, Бар шонаи чанор чакидаст хуни мо. Имсол ҳам зи наштари ғурбат ба ҳар диёр, Чун солҳои пор чакидаст хуни мо.