Ғайратанҷуман ҷоест, маъмане ки ман дорам,
Ғайратанҷуман ҷоест, маъмане ки ман дорам,
Ғайри ман ҳама дорад, маскане ки ман дорам.
Дар баҳори огоҳӣ нози худфурӯшӣ нест,
Рангубӯфаромӯш аст, гулшане ки ман дорам.
Мавҷи гавҳарам умрест орамида менозад,
Ранҷи по намехоҳад, рафтане ки ман дорам.
Миннати кафан нанг аст бар шаҳиди истиғно,
Ғайрати шарар дорад, мурдане ки ман дорам.
Хомушӣ зи ҳеҷ оҳанг зеру бам намечинад,
Ношунида таҳсинест, гуфтане ки ман дорам.
Вазъи машраби Маҷнун фоштар зи расвоист,
Дар бағал намегунҷад, домане ки ман дорам.
Дору ресмон ин ҷо то ба ҳашр даркор аст,
Шамъи базми мансурист, гардане ки ман дорам.
Оҳ, дарди навмедӣ бар кӣ боядам хондан?
Дошт, ҳар киро дидам, шеване ки ман дорам.
Пеши новаки тақдир ҷустам аз фалак тадбир,
Гуфт: Дидаӣ, охир, ҷавшане ки ман дорам?
Чарбу нармии ҳарфам ҳилакори афсун нест,
Хушк медавад бар об, равғане ки ман дорам.
Ҳарфи олами асрор бар адаб ҳаволат кун,
Дамзаданхасухор аст, гулхане ки ман дорам.
Ғаври маъниям душвор, фаҳми матлабам мушкил,
Бедил, аз забони ӯст, ин мане ки ман дорам.