Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МУЖДА

Мурғи сухансарои ман, боз ба лона мерасад, Ёри гурезпои ман, бар дари хона мерасад. Чун биниҳад ба хона по, хок шавад аз ӯ тило, Ваҳ, ки дар ин харобаҳо, боз хазона мерасад. Ҷӯй пуроб мешавад, хор гулоб мешавад, Абр ба хок ҷон диҳад, хок ба дона мерасад. Ғам биравад зи дил бурун, шодии дил шавад фузун, Он ба ишора меравад, ин ба баҳона мерасад. Ёр чу ёри мо шавад, дил зи қафас раҳо шавад, Боли нишот во шавад, чангу чағона мерасад. Кина зи синаҳо равад, ғусса зи дил ҷудо шавад, Ханда ба кӯчаҳо давад, хона ба хона мерасад. Боди баҳор дар вазиш, набзи ниҳол дар тапиш, Эй дили ман тарона ку? Фасли тарона мерасад. Пой ниҳад чу дар чаман, ранг диҳад ба ёсуман, Бар лаби пурсукути ман шеъру тарона мерасад. Таъна занед зоғро, мужда диҳед боғро, Рӯҳ ба сабза медамад, ҷон ба ҷавона мерасад. Фонии хастадил, биё, мужда расон ба мурғакон, Рӯҳ ба сабза медамад, ҷон ба ҷавона мерасад.