Он гуландом чу дар сайри чаман меояд,
Он гуландом чу дар сайри чаман меояд,
Арақи шарм ба рухсори суман меояд,
Мерасад меҳнату ғам чун биравад аз пешам,
Равам аз хеш, чу дар ҷониби ман меояд.
Рафт аз хотири ман дағдағаи муллоӣ,
Дидам он шӯх чу бо як-ду чапан меояд.
Табъи як шаҳр кунад накҳати гесуи ту чоқ,
Чу насиме ки зи саҳрои Хутан меояд.
Мурдам аз нозу ғурури ту, ки то як бӯса
Меситонам зи ту, ҷонам ба даҳан меояд.
Чӣ суханҳо ки нагӯянд рақибон бо ту,
Гар лаби лаъли ту бо ман ба сухан меояд.
Дили Айнӣ ба сари зулфи ту бо шавқ равад.
Ба тариқе ки мусофир ба ватан меояд.