Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То маҳи нав бар фалак болкушо меравад,

То маҳи нав бар фалак болкушо меравад, Дар назарам рахши умр наълнамо меравад. Хоҳ нафас фарз кун, хоҳ ғубори ҳавас, Не саҳар асту на шом, сели фано меравад. Қатъи нафас то ба ҷост, хоки ҳамин манзилем, Шамъ раҳаш зери пост, саъй куҷо меравад? Нашвунумо гуфтугӯст дар чамани эҳтиёҷ, Рӯ ба фалак якқалам дасти дуо меравад. Қофилаи аҷзу боз ҳукми «ба ҳар сӯ битоз», Олами вомондагист, обилаҳо меравад. Саҷда намехоҳадат заҳмати ҷаҳди қадам, Чун сарат афтод пеш, навбати по меравад. З-ин ҳама боғу баҳор даст ба ҳам суда гир, Фурсати ранги ҳино аз кафи мо меравад. Дар чамани эътибор гар ҳама сайри дил аст, Чашм нахоҳӣ кушуд, арзи ҳаё меравад. Ҳарзахиром аст ваҳм, беҳудатоз аст фикр, Ҳеҷ кас огоҳ нест, омада ё меравад? Мавсими пирӣ расид, он ҳама бар худ мабол, Рӯз ба фасли шито ғунчақабо меравад. Ҳайати шамъанд халқ, сози иқомат кирост? По агар афшурдаанд, сар ба ҳаво меравад. То ба куҷо боядам мотами худ доштан? Бо нафасам умрҳост, оби бақо меравад. Мақсаду мухтори шавқ Каъбаву бутхона нест, Бесабабу беталаб дил ҳама ҷо меравад. Ин ки ба худ чидаем фурсати нозу ниёз, Дилбари мо як-ду гом побаҳино меравад. Ҳар чӣ гузашт аз назар, нест бурун аз хаёл, Бедил аз ин домгоҳ рафта, куҷо меравад?