Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мунфаилам, бар кӣ барам ҳоҷати хеш аз бари ту,

Мунфаилам, бар кӣ барам ҳоҷати хеш аз бари ту, Эй қадамат бар сари ман, чун сари ман бар дари ту. Оинаи кавну макон ҳайрати сайри чаман аст, Соғари ранги ду ҷаҳон ҳасрати гирди сари ту. Тоби ҷамоли ту зи кас рост наёяд ба ҳавас. Ҳалқаи гесӯи ту бас чашми тамошогари ту. Маҳрами он лаъл нашуд коми таманнои касе, Ғайри табассум кӣ барад чошнӣ аз шаккари ту. Ранги ту ошуфта чу гул дар чамани орзуят, Мавҷи ту ғалтон чу гуҳар дар талаби гавҳари ту. Субҳ барад то ба куҷо поя зи қатъи нафасаш, Во нашавад з-ин ҳавасе чанд раҳи манзари ту. Нуҳ фалак аз гардиши сар гашта ба хамёза самар Туҳмати зарфи кӣ кашад бодаи бесоғари ту? Саъйи талаб бесарупо, ҷодаи таҳқиқ расо. Субҳасифат обилаҳо хуфта буруни дари ту. Хатти ҳисоби манумо роҳ кушояд зи куҷо? Сифр наёмад ба назар нуктае аз дафтари ту. Бедил аз афсуни сухан булбули боғи чӣ гулӣ? Ранги чаман мешиканад бӯи баҳор аз пари ту.