Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд,

Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд, Соҳибунвоне басе дидам, яке фозил нашуд. Зиндагӣ! Гар устоди мо туӣ, бепарда гӯй, Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?! Ошиқе андар сари паймон зи дунё бигзарад, Шоири бедордил бо ҷони шайдо бигзарад. Зиндагӣ! Гар раҳбари моӣ, чаро тардомане Пой тар нокарда аз гирдоби дарё бигзарад?! Чоплусе, ноҷавонмарде қасамҳо бишканад, Нашканад тарфи кулаҳ, аммо ҷаҳон барҳам занад. Зиндагӣ! Гар довари якрӯй бошӣ, пас чаро Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?!