Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам

Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам В-аз Худо давлати ин ғам ба дуо хостаам. Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош, То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам. Шармам аз хирқаи олудаи худ меояд, Ки бар ӯ васла ба сад шуъбада перостаам. Хуш бисӯз аз ғамаш, эй шамъ, ки инак ман низ Ҳам бад-ин кор камар баставу бархостаам. Бо чунин ғайратам аз даст бишуд сарфаи кор, Дар ғам афзудаам, он-ч аз дилу ҷон костаам. Ҳамчу Ҳофиз ба харобот равам ҷомақабо, Бу, ки дар бар кашад он дилбари навхостаам.