Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ФАСОНАИ ШАҲР

Сабо ба ларзиши тан сими торро монӣ, Ба бӯи нофа сари зулфи ёррро монӣ. Ба гӯши ёр расон шарҳи беқарории дил, Ба зулфи ӯ, ки дили беқарорро монӣ. Дар интизори саҳар чун ман, эй фалак, ҳама чашм, Бимон, ки мардуми чашминтизорро монӣ. Саре ба сахраи зонуи ғам бизан, эй ашк, Ки дар сукути шабам обшорро монӣ. Ба пои шамъи маҳ аз ашки ахтарон, эй чарх, Канори ошиқи шабзиндадорро монӣ. Зи сели ашки ман, эй хоби ман, надида ҳанӯз, Чӣ бистарӣ ту, ки дарёканорро монӣ? Гузаштӣ, эй маҳи носозгори зудгузар, Ки рӯзҳои хуши рӯзгорро монӣ. Маноз ин ҳама, эй муддаъӣ ба суҳбати ёр, Ки пеши он гули навраста хорро монӣ. Амон намедиҳӣ, эй сӯзи ғам, ба сози дилам, Биё, ки гиряи беихтиёрро монӣ. Ғизоли ман ту ба афсун фасона дар ҳама шаҳр, Таронаи ғазали Шаҳриёрро монӣ. Навиди номаат, эй сарви Сояпарвари ман, Бигӯ, биё, ки насими баҳорро монӣ.